Дар бораи Хадамот
Хадамот дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи 2014 сол, таҳти №511 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» аз 29 декабри 2010 сол, таҳти №666 таъсис дода шудааст.
1. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ваколатдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоот ҳои гидротехникӣ анҷом медиҳад.
2. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.
4. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорат ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.