Шӯрои техникии Хадамот
Шурои техникии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатари иншоотҳои гидртехникӣ мутобиқи Низомномаи Хадамот аз 1 августи соли 2014, №511 ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» аз 22 декабри соли 2010, №666 дар асоси Фармоиши сардори Хадамот аз соли 2015 №14 ташакил карда шудааст.
Ҳайати Шурои техникӣ аз ҳисоби мутахассисони ташкилотҳои илмӣ-тадқикотӣ, лоиҳакашӣ, инчунин мутахассисони баландихтисоси алоҳида ҷалб карда шуда, бо шумораи 11 нафар бо Хадамот ҳамкорӣ намуда истодаанд.
Мақсади гузаронидани Шурои техникӣ муайян намудани пуррагӣ ва саҳеҳии маълумотҳо дар иншоотҳои гидротехнкӣ аз ҷумла:
- ошкор кардани дараҷаи хавфнокӣ дар иншооти гидротехникӣ;
- кифоягии чораҳои пешбинишуда оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва мутобиқати ин чораҳо ба меъёр ва қоидаҳо мебошад.
Вазифаҳои Шурои техникӣ дар вақти баррасӣ ва муҳокимаҳо оиди таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз инҳо иборат мебошад:
- дар бораи пуррагӣ ва саҳеҳии маълумотҳо оиди иншоотҳои гидротехники инчунин барои тартиб додани феҳристи иншоотҳои гтдротехникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар бораи ҷавобгў будани вазъият ва дараҷаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ;
- дар бораи ҳамаҷониба ва муайян намудани пурраи дараҷаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;
- оиди асоснокии истифодаи усули таҳлили, кифоя будани иҷрои баҳодиҳӣ;
- дар бораи ҳисоботи пурраи ҳамаи омилҳое, ки ба натиҷаи баҳодиҳии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ таъсирбахшанд;
- дар бораи шароити истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин тартиб додани лоиҳа бо қонунгузорӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ё дигар санадҳои дар маҳаллӣ бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, бартараф ва барҳамдиҳии ҳолатҳои фавқулодда;
- дар бораи самараноки ва басандагии ба амал баровардан ва банақшагирии таъмини бехатарӣ мувофиқи мазмуни эъломияи (декларация) бехатари тибқи қонунгузариҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар бораи тайёр будани ташкилоти истифодабаранда барои пешгири ва барҳамдиҳии ҳаробаҳои ҳатарнок ва ҳолатҳои садамавӣ, огоҳкунии аҳолӣ ва муҳофизати аҳолӣ ва ҳудуд дар ҳолати садамаи иншоотҳои гидротехникӣ;
- иштироки аъзоён дар ҳайати гуруҳҳои корӣ ва комиссияҳо;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор гузаронидани назорати техникӣ;
- штирок дар барномаҳои минтақавӣ ва амали намудани сиёсати давалтӣ дар соҳаи бехатарии иншоотхои гидротехникӣ;
- эъломияи бехатарӣ ва хулосаи комиссияи экспертиро баррасӣ намуда, дар мўҳлати 1 моҳ аз рўзи ворид шудани ҳуҷҷатҳо дар бораи тасдиқ ва ё рад кардани онҳо қарор қабул менамояд. Ҳангоми тасдиқ мўҳлати амали он на зиёда аз 5 сол муқаррар карда мешавад.
Эродҳо ва пешниҳодотҳо дар хулосаи Шурои техникӣ буда ҳатман асоснок карда шуда ва ишора ба қонунҳо, дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва санадҳо дар маҳаллӣ бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, муҳофизати аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда.
Хулосаи аъзоёни Шуро дар маҷлиси Шурои техникӣ муҳокима карда мешавад.