ОЗМОИШГОҲИ САЙЁР
ОЗМОИШГОҲИ САЙЁР
Дар ҳайати Хадамот Озмоишгоҳи сайёр дар базаи фургони ГАЗ 2705 фаъолият менамояд.
Озмоишгоҳ бо дастгирии ширкати GIZ соли 2016 ба даст оварда шудааст. Бо таҷҳизоти вайроннакунандаи назорати устувори, муайян намудани мавҷудияти нуқсонҳои конструксияи металли ва бетони, инчунин таҷҳизот барои гузаронидани таҳқиқоти геодези, сейсмологи, гидрологи таҷҳизонида шудааст.
Маҷмааи ташхисии мазкур барои ченкуни ва таҳлили маълумот дар шароити гуногуни иқлими имконият медиҳад, ки тафтиш дар мавзеи душворгузари кӯҳи гузаронида шавад.
Озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Идораи транссарҳадии захираҳои оби дар Осиёи Маркази», ба ихтиёри Хадамот Озмоишгоҳи мутаҳаррики назорат бо усулҳои ғайривайронкунанда, ки ба таркиби он 11 номгӯи асбобҳо барои гузаронидани муоинаи геодези, сейсмологи, гидрологи, ва назорати конструксияҳои металли ва бетонии иншооти гидротехники, дода шудааст.
Озмоишгоҳ бо асбобҳои назорати барои муоинаи геодези, сейсмологи ва гидрологи, инчунин барои назорати конструксияҳои металлию бетони ҷиҳати устувори ва ҷой доштани нуқсонҳо таҷҳизонида шудааст. Маҷмаии ташхисии мазкур барои ченкуни ва таҳлили маълумот дар шароити гуногуни иқлими ва дар мавзеи кӯҳии душворгузар фаъолият менамояд.
Тестери ултрасадои УК1401М
Асбоб барои ченкунии вақт ва суръати паҳншавии мавҷҳои дарозрӯяи ултрасадо дар масолеҳи дурушт ҳангоми ченкунии сатҳи дар базаи мутаваҷҷеҳ, бо мақсади муайян намудани мустаҳками ва яклухтии масолеҳ (асосан бетон тибқи ГОСТ 17624-87) ва конструксияҳо пешбини шудааст.
Регистратори сигналҳои сейсмики «Делта-03» + қабулкунаки сейсмикии пезоэлектрики А0531
Асбоби мазкур барои қайдкунии худкори сигналҳои сейсмики аз манбаъҳои сунъи ва табии ҷунбиш (аз ҷумла вибратсиони), инчунин амали намудани мониторинги ларзишии биноҳо ва иншоот (муайян намудани таъсири забивкаи свай ба конструксияи биноҳои наздикҷойгиршуда дар шароити сохтмони зичи шаҳри ва ҷунбиши сохтмони пулҳо) пешбини шудааст.
Тепловизор FLuke
Тепловизор – ин асбобе мебошад, ки афканишоти инфрасурх ва гармиро муайян менамояд. Муоинаи тепловизиони – яке аз самтҳои пешсафи назорати ҳолати конструксияҳо ва таҷҳизоти барқии гуногун мебошад. Муоинаи тепловизиони усули самараноки пешгирии ҳодисаҳои садамави буда, хароҷоти муоинаи техники ва ҷустуҷӯи нуқсонро кам менамояд. Дар асбоби мазкур детектори сарднашавандаи 384 х 288 нуқта ширкати ULIS (зиёда аз 90 % тепловизорҳо дар ҷаҳон дар асоси онҳо ба вуҷуд омаданд) истифода бурда мешавад.
Тахеометри техникии Sokkia СХ-106
Тахеометр - асбоби геодези буда, барои чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқи ва амуди истифода бурда мешавад. Ба синфи теодолитҳои такрорнашаванда мансуб буда, барои муайян намудани координатаҳо ва баландии нуқтаҳои мавзеъ ҳангоми банаворгирии топографии мавзеъ, корҳои тақсимкуни, баровардани баланди ва координатаҳои нуқтаҳои лоиҳави дар мавзеъ, асосан бо усулҳои ғайримустақими ченкунии нишонаҳои мустақим ва баргарданда, нивелировании тригонометри истифода бурда мешавад. Ба ГОСТ Р 51774-2001 мувофиқ аст.
Манометр Testo 312-4
Манометр барои санҷиши пешаки ва нақшавии қубурҳои гази ва қубурҳои гидравликии то 25 бар истифода бурда мешавад.
Хусусият:
Тафтиш намудани созии баҳрабардори ҷиҳати паст шудани фишор дар қубури гази.
Тести ҳавоногузари дар қубурҳои оби.
Чен кардани ҳарорат дар радиаторҳо.
Тест барои санҷидани фишор дар қубурҳои канализатсиони.
Эхолот JJ- Connect Fisherman Wireless 2
Барои ченкунии чуқурии оби акваторияи объекти оби ва инъикос намудани нақши муқарнаси қаър ҳангоми муоинаи иншооти гидротехники пешбини шудааст.
Асбоби ченкунии дурушти Темп 4
Ин асбоби таъғйирдодашудаи асбоби ТЕМП-3 мебошад. Барои ченкунии дуруштии маҳсулоти гуногун (маҳсулоти резини, пӯлод, чӯян, металлҳои ранга ва ғайра), дар озмоишгоҳҳо ва истеҳсолоти саноати истифода бурда мешавад.
Истифода бурдани асбоби ченкунии дуруштии ТЕМП-4
Асбоби ченкунии дурушти Темп-4 дар соҳаи нафтугази, кимиё, мошинсози, металлургия, энергетика ва дигар соҳаҳои саноат, инчунин ташкилоти таъмири-васлгари истифода бурда мешавад.
Асбоби ултрасадои ченкунии ғафси MG2-DL
Асбоби ултрасадои ченкунии ғафси MG2 – DL асбоби ултрасадои назорат Olimpus NDT(Panametrics NDT),
Тавсифи асбоб: асбоб барои ченкунии ғафсии металл аз болои занг, коррозия ва рӯйпуш (опсия), барои ченкунии сатҳи гармшуда (опсия), барои чен кардани ғафсии девори қубурҳо, резервуарҳо ва конструксияҳои металли истифода бурда мешавад .
МКРС асбоби микрокомпютерии ченкунии хароҷот-суръат
Истифода бурда мешавад:
- барои чен кардани суръат ва муайян намудани хароҷоти ҷараёни об дар каналҳои кушодаи шакли гуногуни системаи обтаъминкуни;
- ченкунии суръати ҷараён ва муайян намудани масраф дар қубурҳои системаи канализатсия;
- ченкунии суръати ҷараёни дарё;
- ченкунии масраф дар қубурҳои системаи обтаъминкуни.
Асбоби ченкунии параметрҳои ларзиш Вибротест – МГ4
Намуди таҷҳизот: асбоби ченкунии ларзиш, виброметр
Истеҳсолкунанда: Россия
Силсила: Вибротест
Модел: Вибротест –МГ4, Вибротест МГ4.01, Вибротест-МГ4.03
Тавсиф: асбоб барои ченкунии параметрҳои ларзиш
Сертификатҳо ба асбоби ченкунии ларзиш Вибротест – МГ4, ВибротестМГ4.01, Вибротест –МГ4.03
Вибротест МГ4 барои назорати амплитуда ва зудии лаппишҳои синусоидалии дастгоҳҳои ларзиши пешбини карда шудааст, ки барои зичкунии омехтаҳои бетони ҳангоми истеҳсолоти маҳсулоти бетонию металли истифода бурда мешавад, инчунин барои ченкунии параметрҳои ларзишии дигар объектҳо истифода бурда мешавад. Маълумоте, ки ҳангоми ченкуни ба даст оварда мешавад, ба таври автоматики нигоҳ дошта шуда, сана ва вақти гузаронидани ченкуни қайд карда мешавад.