Полномочия и Функции

ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ

    1. Хадамот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ мутобиқи қонунгузории иншоотҳои гидротехникӣ анҷом медиҳад; 

- дар доираи ваколатҳои худ дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар омода намудани пешниҳодот оид ба такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

- назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳо ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои таъмир ва сохтмони сарбандҳо, биноҳои нерўгоҳҳои барқи обӣ, нақбҳои обгузар ва дигар иншоотҳои гидротехникӣ мегузаронад;

- гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва санҷиши гурўҳҳои мушоҳидонро оид ба муайян намудани ҳолати иншоотҳои гидротехникӣ тибқи Дастур оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар нерўгоҳҳо ва обанборҳо назорат менамояд;

- дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва барномаҳои минтақавӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ иштирок менамояд;

- дар бартарафсозии оқибатҳои садамаҳо дар иншоотҳои гидротехникӣ иштирок менамояд;

- аҳолиро аз таҳдиди садамаҳо дар иншоотҳои гидротехникӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда мегарданд, сари вақт огоҳ менамояд;

- назорати бехатариро дар иншоотҳои гидротехникӣ, ки моликияти давлатӣ ва хусусӣ мебошанд, таъмин менамояд;

- дар ҳайати гурўҳҳои корӣ оид ба муайян намудани андозаи таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ иштирок менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ, ташкил ва пешбурди Феҳристи давлатии иншоотҳои гидротехникиро ба роҳ мемонад;

- чораҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ андешидашавандаро оид ба пешгирии садамаҳо ва ҳодисаҳои осебёбӣ дар иншоотҳои гидротехникӣ назорат мебарад;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор тартиби гузаронидани назорати техникӣ, сабабҳои сар задани садама, ҳодисаҳои нохуш ва воқеаҳоро муайян мекунад, чорабиниҳоро оид ба пешгирии онҳо таҳлил менамояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо дар интихоби майдончаҳои сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ иштирок менамояд;

- тартиби дароз намудани мўҳлати истифодаи дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизоти дар иншоотҳои гидротехникӣ истифодашавандаро муайян мекунад;

- назорати гузаронидани мониторинги иншоотҳои гидротехникӣ ва қитъаҳои хавфноки кўҳиро бо истифода аз асбобҳои ченкунии ҳозиразамон, инчунин муҳандисию сейсмологӣ ба роҳ мемонад;

- назорати иҷрои корҳои геодезӣ ва геофилтратсиониро дар иншоотҳои гидротехникии нерўгоҳҳои барқи обӣ таъмин мемонад;

- барои гирифтани маълумоти зарурии гидрологӣ ва метрологӣ оид ба дақиқ намудани сарфи об ва ҷараёни иловагии дарёҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат менамояд;

- корҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки иншоотҳои гидротехникиро истифода мебаранд, назорат мебарад;

- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрию теҳникии марбут ба иншоотҳои гидротехникиро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- тартиби барасмиятдарории эъломияи бехатарӣ ва номгўи маълумоти ба он дохилшаванда, инчунин тартиби гузаронидани экспертизаи эъломияро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- тартиби бозомўзии касбӣ ва санҷиши дониши мутахассисон ва кормандони ташкилотҳои таҳти назоратро оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муайян ва назорат мекунад;

- намояндагони худро барои иштирок дар баистифодадиҳӣ ва қабули иншоотҳои гидротехникӣ таъин менамояд, дар кори комиссияҳо барои дар шароити истеҳсолӣ гузаронидани озмоиши дастгоҳҳои техникӣ ва таҷҳизоти дар ин иншоотҳо истифодашаванда иштирок менамояд;

- дастурамалҳои ба гурўҳҳои дахлдор мансуб донистани иншоотҳои гидротехникиро аз рўи аломатҳои муқарраршудаи хатарнокӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахдор таҳия менамояд;

- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияташ ба роҳ мемонад;

- масъалаҳои истифодабарии ҳудудҳои иншоотҳои гидротехникӣ, маҷрои дарёҳо ва қитъаҳои канори онҳоро дар поён ва болои сарбандҳо барои амаликунонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар бо мақомоти дахлдор мувофиқа менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳар сол ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблаѓгузории фаъолияти Хадамот ба мақомоти давлатии ваколатдор ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод менамояд;

- назорати гузаронидани чорабиниҳоро оид ба камкунии хатари ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда дар иншоотҳои гидротехникӣ таъмин менамояд.

                      ҲУҚУҚҲО 


      2. Хадамот бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқҳои зерин дорад:

- назорати давлатиро оид ба масъалаҳои таҳти ихтиёри Хадамот қарордошта амалӣ намояд. Бо ин мақсад шахсони мансабдори Хадамот ҳуқуқи ташрифи бемонеа ба ташкилоту корхонаҳо ва иншоотҳои зери назорат, аз ҷумла бо тартиби муқарраргардидаи реҷавӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ доранд;

- аз мақомоти дахлдор, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳолати бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, садамаҳо ва осебёбии истеҳсоли мавод, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоти мансуб ба салоҳияти Хадамотро талаб менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои методиро, ки иҷрои онҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ

дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, инчунин иттилооти техникиро оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияташ дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намояд;

- барои гирифтани хулоса, мувофиқасозии ҳуҷҷатҳо ва дигар хизматҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мувофиқи тартиби муқаррагардида кўмаки амалӣ расонад;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои иншоотҳои гидротехникӣ чораҳо андешида, барои бартараф намудани вайронкунии талаботи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва боздоштани корҳои бо вайронкунии ин талабот анҷомдодашуда амрнома диҳад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида санҷиши интихобии дониши мутахассисон, кормандони муҳандисию техникӣ ва коргаронро оид ба омўзиши қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар иншоотҳои гидротехникӣ, қоидаҳо, меъёрҳои бехатарии корҳо, дастури технологӣ ва дастурамалҳо гузаронад;

- дар санҷиши дониши мутахассисони навтаъиншудаи ташкилоту корхонаҳои таҳти назорат ҷиҳати омўзиши қонунгузорӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии корҳо иштирок намояд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида ба мақомоту идораҳои дахлдор дар хусуси танбеҳ кардан ё аз вазифаи ишѓолкарда озод намудани шахсоне, ки қоидаю меъёрҳои бехатарона гузаронидани корҳоро риоя намекунанд, ба истифодаи таҷҳизот ва иншооти манънамудаи мақомоти Хадамот худсарона идома медиҳанд, аз санҷиши дониши меъёрҳои бехатарӣ нагузаштаанд, пешниҳод манзур намояд;

- ҳангоми зарурат дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ва таъмирӣ мутобиқати таҷҳизотро ба талаботи қоидаю меъёрҳои бехатарӣ санҷад ва дар ҳолати ба талаботи қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва хулосаҳои тасдиқшудаи лоиҳавӣ мутобиқат накарданаш, дар хусуси манъ кардан ё аз ҳисоб баровардани он таклиф пешниҳод намояд;

- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳикунанда ва пешгирикунандаи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, ки барои роҳ надодан ва пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи ҳатмии қоидаю меъёрҳои бехатарӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шудаанд, истифода барад;

- дар доираи фаъолияти муқарраргардида мақомоти мутобиқсозӣ, машваратӣ ва экспертиро (шўроҳо, комиссияҳо, гурўҳҳо) ташкил намояд;

- нақшаи ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳиро, ки дар иншоотҳои гидротехникӣ хизматрасонӣ менамоянд, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор мувофиқа намояд.

    3. Хадамот ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иҷрои функсияҳои идоракунии амволи давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад.