Хабарҳо ва чорабиниҳо

ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК

07.06.2017

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ОН НАҚШИ МОНДАГОРУ КАЛИДӢ ДОРАНД

Ҳамчун мутахассиси соҳаи барқ ба хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетика арҷгузорӣ намуданро вазифаи шаҳрвандии худ медонам. Пешвои миллат баробари сулҳу  ваҳдатофаринӣ ҳамчун поягузору ҳидоятбахши барномаҳои фарогире, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар боис  гардидаанд ва мегарданд, дар соҳаи энергетика низ барҳақ, хидматҳои бузургу мондагор доранд.

Воқеан ҳам, кишвари мо,  ки дорои  захираҳои азими неруи барқи обист, метавонад ҳам дар таъминоти дохилии худ ва ҳам тамоми минтақа нақши калидӣ дошта бошад ва барои пешрафти иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муҳим бозад. 
Ҳанӯз 14 марти соли 1993 яке аз сафарҳои аввалини кории ӯ ба ҳайси Сарвари давлат ба Неругоҳи барқи обии Норак ҷараён гирифт. Он рӯз бо кормандони ин неругоҳ, ки маркази асосии истеҳсоли барқи кишвар ба шумор меравад, суҳбати гарму самимӣ дошт. Энергетикҳоро рӯҳбаланд намуд, ки Ҳукумати кишвар ва шахсан худи ӯ ба қадри ин иншооти муҳимтарини энергетикӣ ва ҳар як корманди он мерасанд.  Бо дастури Пешвои миллат барои таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак  корҳои зиёди азнавсозӣ ба анҷом расонда шуданд. Соли 2009 чархи кории  агрегати № 3 ба чархи нави пуриқтидор, соли 2012 тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимоти кушодаи - 220 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ – 220 кВ иваз карда шуданд. Солҳои 2010 – 2014 дар агрегати № 8 чархи кории нав васл гардид, бори аввал дар таърихи неругоҳ таъмири асосии дарбанди кӯравӣ гузаронида шуд. Чанд рӯз пеш - 27 апрели соли 2016 бошад, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Сарвари давлат дастгоҳи нави тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии – 500 кВ - ро ба кор даровард. Барои корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак тӯли 10 соли охир 627 миллиону 219 ҳазору 557 сомонӣ хароҷот шудааст.
Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳарчанд проблемаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд буданд, бо ташаббуси Сарвари давлат сохтмони иншооти муҳими кишвар - Неругоҳи барқи обии «Помир - 1» вусъат гирифт. Сарвари давлат ба вазъияти душвор ва барои ҳаёти шахсии ӯ хатарнок нигоҳ накарда, дар маросими ба истифода додани    навбати якуми ин неругоҳ бо тавоноии 14 000 кВт, ки  26 марти соли 1994 баргузор шуд,  иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлат дар ҳар сафару вохӯриҳои дохилӣ ва хориҷӣ  рушди  энергетикаро самти афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ месозад ва бобати истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар пешниҳодоти судманде ба миён мегузорад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»  аз лоиҳаҳои муҳимтарини амалишудаи солҳои истиқлолият  ба шумор меравад. 
Бунёд ёфтани неругоҳи «Сангтӯда-1»-ро баъди ба даст овардани истиқлолият, бешубҳа, метавон ҳодисаи таърихӣ дар соҳаи гидроэнергетикаи кишвар номид. Алҳол ин неругоҳ соле то 1,7 миллиард кВт - соат неруи барқ истеҳсол менамояд. 
Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 2» низ бо 2 агрегати иқтидори ҳар кадомаш 110 мВт  фаъолият дорад. Дар чор сол ин махзани нур зиёда аз  2 515 миллион кВт - соат неруи барқ истеҳсол намудааст.
Дигар лоиҳаи энергетикӣ, ки самараи ташаббус ва обрӯву нуфузи сиёсии Сарвари давлати мо мебошад, ин Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 аст, ки навбати аввали он бо 100 мВт иқтидори энергетикӣ ва 67,95 Гкал иқтидори гармдиҳӣ аллакай фаъолият дорад. 
Баъди пурра ба истифода додани МБГД-2, ки охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст,  иқтидори энергетикии  он ба 400 мВт ва иқтидори гармидиҳиаш ба 235,46 Гкал баробар хоҳад шуд.
Афзалияти иншоот дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар ворид кардани он низ аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардан мебошад. Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти муосири поксозии чангу дуд,  ҳамчунин таҷҳизоте васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудан метавонад бо истифодаи гази табиӣ фаъолият намояд.
Ҳамин тариқ, аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав дар солҳои истиқлолият иқтидори энергетикии кишвар ба андозаи зиёда аз 1040 мВт афзоиш ёфт.
Барои рушди соҳаи энергетика бунёду таҷдиди инфрасохторҳои хизматрасон ва интиқоли барқ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ - и «Ҷануб - Шимол» ва 220 кВ - и «Лолазор - Хатлон» аз табдирҳои хеле дурандешона ва оқилона буд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ      амалӣ гардиданд. 
Хати интиқоли барқи 500 кВ - и «Ҷануб - Шимол» системаи барқи то ин вақт ҷудобудаи вилояти Суғдро бо системаи марказии барқи Тоҷикистон пайванд намуд ва системаи ягонаи энергетикии кишварро ташкил дод.
Дар баробари ин, барои беҳтар гардидани вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо қувваи барқ  дар раванди татбиқи лоиҳаи мазкур инчунин  як қатор корҳои дигар, аз ҷумла дар масофаи 32 километр кашидани хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолтаи “Хуҷанд – Айнӣ” ва “Қайроққум - Ашт” ба анҷом расонда шуд, ки таъминоти барқро дар сар то сари вилояти Суғд беҳтар карданд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар давраи истиқлолият, вобаста ба пешрафти  иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Афзудани шумораи аҳолӣ, бунёди манзил, ба кор даромадани ҳазорон корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ истеҳсоли неруи барқи иловагиро  тақозо доранд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид шудааст: “Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.”
Ман ҳамчун энергетик мутмаинам, ки аз талабот қафо мондани таъминот бо барқ раванди муваққатист. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кормандони соҳаи энергетика пайваста ҷаҳду талош доранд, ки бо назардошти  талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Тавре маълум аст, неругоҳҳои бузург ва миёна дар муддати чанд сол бунёд меёбанд. Ҳоло дар мамлакат бунёд намудани “Роғун, “Шӯроб”, “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод”, “Себзор” ва неругоҳҳои дигари барқи обӣ дар назар аст ва баҳрабардорӣ аз онҳо имконият фароҳам  меорад, ки таъминот бо барқ аз талабот бо барқ пеш гузарад. Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии кишвар масъалаи норасоии неруи барқ дар солҳои наздик яқин пурра ҳал мегардад. Оғози бунёди барномаи “CASA-1000» барои ташкил ёфтани бозори байналмилалии барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ роҳ кушод. Ин бозори байналмилалии тиҷорати неруи барқ, ки бе шаку шубҳа, Тоҷикистон дар он нақши калидӣ хоҳад дошт,  мусоидат менамояд, то энергетикаи тоҷик рушди тоза пайдо намояд ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ низ аз неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз нигоҳи арзиш арзони Тоҷикистон баҳрабардорӣ намоянд. 
Энергетикаи тоҷик ғамхорию дастгирии пайвастаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври рӯзафзун эҳсос менамояд ва ин ба пешрафти муназзами соҳа мусоидат мекунад. Тамоми кормандону мутахассисони соҳа мутмаинанд, ки   ин сиёсати созанда ва бобарор  моро ба мустақилияти энергетикӣ мерасонад ва норасоии барқ дар солҳои наздиктарин пурра барҳам мехӯрад.

Аслиддин НАЗАРЗОДА, 
муҳандиси барқ,номзади илмҳои иқтисодӣ

  Санаи нашр: 14.05.2016    №: 92