Хабарҳо ва чорабиниҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи гидроэнергетика ва захираҳои обӣ

13.06.2017

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи гидроэнергетика  ва  захираҳои обӣ  
Рўзи 12 июни соли 2017 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ва баргузории Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”-ро имконияти бузург барои шиносоии бештар ва воқеӣ бо Тоҷикистон, ҳамчунин бо талошҳои Ҳукумати мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо мушкилоту хатарҳои муосир арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика  ва  захираҳои обӣ  чунин қайд намуд:
«Кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рӯи истифодаи манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” дар   ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Дастрасӣ ба манбаъҳои муосири энергетикӣ ва рушди “энергияи сабз” омили калидии ноил шудан ба рушди устувор мебошад.
Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии “Энергияи устувор барои ҳама”  ва Даҳсолаи байналмилалии энергияи устувор барои солҳои 2014-2024-ро  фаъолона ҷонибдорӣ намудааст.
Дар ин робита, густариши талошҳои муштарак барои таъмини дастрасии фарогири аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосир дар соҳаи энергетика ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
Дар баробари ин, бо мақсади сарфаи боз ҳам самараноки захираҳои энергетикӣ дар сатҳи глобалӣ  зарур аст, ки ҷиҳати маблағгузории соҳаи тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, инчунин таҳвили донишу фанновариҳои пешқадам ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Итминони комил дорем, ки рушди фарогири гидроэнергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда ба афзоиши иқтидорҳои саноатӣ, самаранокии сохтори энергетикӣ ва коҳиши партовҳои газҳои заҳролуд ба фазо мусоидат намуда, дар маҷмӯъ, заминаи муҳими тавсеаи “иқтисодиёти сабз”-ро фароҳам хоҳад овард.
Наваду се фоизи қаламрави Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат аст ва 60 фоизи  захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ҷойгир аст.
Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид  иқдомоти созандаашро идома хоҳад дод.
Дар ин раванд, дар моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид,  бо дарназардошти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии сипаришудаи “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, бо ибтикори Тоҷикистон - бо иттифоқи оро - қатъномаро роҷеъ ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 қабул кард.
Даҳсолаи нав дар роҳи фароҳамсозии шароит барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ва беҳдошт дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.
Ин Даҳсола, бидуни шак, дар роҳандозии талошҳои муштарак  барои ҳалли мушкилоти вобаста ба мудирияти захираҳои об то соли 2028 нақши назаррас хоҳад бозид.
Дар ин росто, тайи даҳсолаи гузашта мо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҳамкории созанда доштем.
Изҳори умедворӣ менамоем, ки дар раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ низ, ки ҳадафу вазифаҳояш ба нафъи тамоми мардуми сайёра мебошанд, аз чунин ҳамкориҳои судманд бархурдор хоҳем буд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суханронии худ бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаҳои обу экологии глобалӣ, изҳори умедворӣ намуданд, ки дар раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ низ, ки ҳадафу вазифаҳояш ба нафъи тамоми мардуми сайёра мебошанд, аз ҳамкорию шарикии судманд бамаврид истифода бурда мешавад.  
Манбаъи маълумот; аз сайти Президент  Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”       12.06.2017 08:21 шаҳри Душанбе