Хабарҳо ва чорабиниҳо

ЭКСПО – 2017: "ЭНЕРГИЯИ ОЯНДА". САРВАТҲОИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶАҲОНИЁН

18.08.2017

Аз ифтитоҳи павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтисосии  Остона – ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як моҳ сипарӣ шуд. Тайи ин муддат намоишгоҳи (павилйони) Тоҷикистонро қариб 100 ҳазор нафар арбобони сиёсат, ҳайатҳои ҳукуматӣ, соҳибкорон, сайёҳон, роҳбарону намояндагони ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, сармоягузорон аз ҳамаи қораҳои олам тамошо карданд. 
Тавре аз Палатаи савдою саноат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, Тоҷикистон дар ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда» пиряхҳои азим, кӯлу дарёҳои зебою обашон ширин, манзараҳои дилкаши табиат, кӯҳсорони боҳашамати барфпӯш, чашмаҳои шифобахш, водиҳои ҳосилхез – табиати нотакрори кишварро манзури тамошобинон  намудааст.
Тамошобин баробари ворид шудан ба павилйон дармеёбад, ки Тоҷикистон яке аз минтақаҳои нодири ҷаҳон  аст, ки захираҳои азими энергетикӣ ва сайёҳиро дорост. Маълумотнома бо забонҳои англисӣ, русӣ ва қазоқӣ дар бораи  имконоту захираҳои энергетикии Тоҷикистон  маълумоти фаровон медиҳад. 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ҳаҷми захираҳои энергетикии кишвар бештар аз 527 миллиард кВт – соатро ташкил медиҳад ва он саросар энергияи барқароршавандаи ба истилоҳи ҳозира «сабз», яъне аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар ва арзону  дастрас мебошад, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ сӯи он роҳ пеш гирифтааст. Имконоти Тоҷикистон ба се талаботи асосӣ аз энергияи оянда - тозагии экологӣ, арзонию дастрасӣ ва безарар будани он ба муҳити зист комилан ҷавобгӯст.
Тарҳҳои зебо нигоридаи обанбор ва сарбанди Неругоҳи барқи обии Норак, ки усули  бунёдаш дар ҷаҳон камназир аст ва на аз оҳану бетон, балки аз масолеҳи табиӣ сохта шуда, ба зилзила бештар аз дарғотҳои сунъӣ тобовар мебошад, захираю имконоти бесобиқаи истеҳсоли энергияи барқароршаванда («сабз»), лоиҳаи интиқоли барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (дар марҳилаи аввал Тоҷикистону Қирғизистон) ба Осиёи Ҷанубӣ (барномаи CASA – 1000) диққати тамошобинонро зиёд ҷалб мекунанд ва якҷо бо манзараҳои марғуби сайёҳӣ ҳар бинандаро мафтун месозанд. Беҳуда нест, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш  баъди боздид Тоҷикистонро  кишвари зеботарини дунё ном бурд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, хусусан нашрияҳои Қазоқистон, «Тоҷикистон тавонист дар ЭКСПО – 2017 арзишҳои табиии кишварро бо камоли ҳунармандӣ ва зебоӣ ба намоиш гузорад». Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои арзишманди худ яке аз роҳбарони фаъоли сайёра дар  ҳалли масъалаҳои глобалии истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкориҳо дар бахши мудирияти об ва шароит фароҳам овардан барои дастрасии ҳар сокини сайёра ба оби тоза маъруфият пайдо намудааст. Маҳз бо ташаббуси Сарвари Тоҷикистон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории қариб тамоми (193 давлат) аъзо солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълом кард. Дар бораи ин ва ташаббусҳои дигари ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар навори видеоӣ бо тавзеҳот маълумоти кофӣ пешниҳод шудааст.
Павилйон, ҳамчунин, дар бораи фарҳангу ҷашнҳо (Наврӯз, Сада, Меҳргон), ҳунарҳои мардумӣ, таърихи давлатдорӣ ва миллати тамаддунофари тоҷик, шаҳрсозӣ, сарватҳои ғании зеризаминӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар маълумоти муфассал медиҳад ва шавқу рағбатро барои рушди ҳамкорӣ ва тамошои Тоҷикистони биҳиштосо бармеангезад.
Даъват ба масъулияту ҳамкорӣ, рушди «энергияи сабз», ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории онҳо барои наслҳои оянда ҳадафҳои асосии Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда» эълом шудаанд. Ҳадафҳои  хосаи Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи баланд муаррифии имконоту захираҳои азими энергетикию сайёҳӣ, боло бурдани эътибору маъруфияти кишвар, пайдо намудани шарикони нави иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя барои татбиқи барномаҳои фарохдомани иқтисодию иҷтимоии рушди мамлакат мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда», ки 10 июни соли равон дар шаҳри Остона – пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, се моҳ – то 10 сентябр идома меёбад.
Ҷумҳурии Қазоқистон барои дар шаҳри Остона баргузор намудани  намоишгоҳи махсусгардонидаи  байналмилалӣ соли 2011 ба Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо дархост пешниҳод намуда буд. Дар  ҷамъбасти даври ниҳоии озмун Остона бар ҳарифи асосии худ шаҳри Лйежи Шоҳигарии Белгия ғолиб омад. Айни замон дар намоишгоҳи байналмилалии Остона 110 кишвари ҷаҳон  ва беш аз 70 ширкати маъруфу  созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд. Намоишгоҳи ояндаи умумиҷаҳонӣ соли 2020 дар  шаҳри Дубай – пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад ва то он замон, бовар ҳаст, Тоҷикистон дар ҷаҳон бо рушди "энергияи сабз" ва сайёҳӣ маҳбубияту эътибори хоса касб мекунад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


     Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147