Хабарҳо ва чорабиниҳо

Иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳафтаи умумиҷаҳонии об дар шаҳри Стокголми Шоҳигарии Шветсия

05.09.2017

Дар шаҳри Стокголми Шоҳигарии Шветсия Ҳафтаи умумиҷаҳонии об ифтитоҳ ёфт, ки он ҳамасола аз ҷониби Институти байналмилалии оби Стокголм аз санаи 27 август то 01 сентябр баргузор мегардад.

Дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Рустам Латифзода – раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султон Раҳимзода – муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат доранд.

Ҳамоиши имсола таҳти унвони «Об ва партовҳо – коҳиши истеъмол ва такроран истифода бурдани онҳо» баргузор гашта, дар доираи он, ҳамчунин нақши об дар рушди устувор, оқилона ва кам истифода бурдани захираҳои об тавассути ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир ҳамчун масъалаҳои меҳварӣ муайян карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об бо дастгирии шарикони рушд дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии об ҷиҳати ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, махсусан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 намоишгоҳи махсусро зери унвони «Об барои рушди устувор» ташкил намуда, дар он маводҳои тарғиботиро вобаста ба иқтидор ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузоштааст.

Бояд зикр кард, ки то имрӯз ҳудуди ҳазор нафар иштирокчиёни ҳамоиш ва коршиносони соҳаи об аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, вобаста ба захира ва имкониятҳо, сиёсат ва таҷрибаи кишвари мо оид ба масъалаҳои обию гидроэнергетикӣ, ҳамчунин ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об маълумоти зарурӣ аз худ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки муаррифии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар доираи ҷаласаи канории Ҳафтаи ҷаҳонии об санаи 31 августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.