Хабарҳо ва чорабиниҳо
Таъиноти кадрӣ ва савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
19.06.2024
Санаи 18 июни соли 2024 ҷаласаи навбатии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ кадрҳоеро, ки ба тариқи озмун ба вазифаҳои сардори Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо, сармутахассиси Бахши корҳои умумӣ ва махсус, сармутахассиси шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти энергетикӣ, мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо, мутахассиси пешбари бахши корҳои умумӣ ва махсус, мутахассиси шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти энергетикӣ ва мутахассиси шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти хоҷагии об, ки аз ҳисоби ҷавонон ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, аз тарафи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муҳтарам Ғафурзода Тағоймурод, барои муаррифӣ ва суҳбат ба ҳузур пазируфта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҷавонони саодатманди мо, ки тариқи озмун ба кор қабул шуданд сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамонро сармашқи кори худ намуда, ба Модар-Ватани худ содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрвандоне, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ қабул мешаванд, дар ҳузури кормандон бо тантана савганд ёд мекунанд.
Ҳамзамон, маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ дар ҳузурии сардор ва кормандони Хадамот баргузор гардид.
Баъди қироат намудани савгандёдкунии хизматчиёни давлатии навтаъин, аз тарафи сардори Хадамот вазифаи онҳо ва нақши хизматчии давлатӣ фаҳмонида шуд ва дар ҷамбасти ҷаласа сардори Хадамот таъкид намуданд, ки дар фаъолияти худ шаффофият, софдилона, содиқона хизмат кардан, поквиҷдонӣ ва зиракии сиёсиро масъули кори худ донанд.