Хабарҳо ва чорабиниҳо
Эълон барои ишғоли вазифаи холӣ
25.09.2024ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Сармутахассиси Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо - 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 2102,30 сомонӣ, иловапулӣ тибқи собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 036 УЕ муқарраргардида;
- маълумотномаи аз ШВКД оид ба доғи судӣ
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
- маълумотнома (справка-объективка).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши ҳуқуқ ва кадрҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Телефон барои тамос: 236-98-40, 236-95-45
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.