Хабарҳо ва чорабиниҳо

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали “Водии Данғара - 3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аз ифтитоҳи павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтисосии  Остона – ЭКСПО – 2017: «Энергияи оянда», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як моҳ сипарӣ шуд. Тайи ин муддат намоишгоҳи (павилйони) Тоҷикистонро қариб 100 ҳазор нафар арбобони сиёсат, ҳайатҳои ҳукуматӣ, соҳибкорон, сайёҳон, роҳбарону намояндагони ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, сармоягузорон аз ҳамаи қораҳои олам тамошо карданд

.

Субҳи 16 - уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд.