Хабарҳо ва чорабиниҳо

Иштироки мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар Семинар доир ба «Баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» дар Ҷумҳурии Озарбойҷон.

27.12.2017

Рӯзҳои 20-24 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку, бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Семинари муштараки мутахассисони Тоҷикистон ва Озарбойҷон, дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, мавқеи ҳарду кишвар ва робитаҳо дар мудирияти оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахши истифода ва ҳифзи захираҳои обиро фарогир буд.
Намояндагони ҳарду давлатҳои иштирокчӣ фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ дар самти болозикргардида баён намуда, аз ҳолати воқеии истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ дар давлатҳояшон ибрози назар намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ аз Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Набиев Рустам- сардори Шӯъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти хоҷагии об ва Ғозиев Тоҳир- сармутахассиси Шӯъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти энергетикӣ муаррифи намуданд.
Дар чорабинии мазкур, ба ғайр аз намояндагони Чумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони воҳидҳои марбутаи соҳаи об ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки назорати давлатии иншоотҳои гидротехникиро ба уҳда доранд, ширкат варзида, вобаста ба мавзӯъҳои болозикр баромад ва музокираҳо намуданд. Илова бар ин, мизбонон барои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати шиносоӣ дар якчанд иншоотҳои гидротехникӣ саёҳат ташкил намуданд.
Қобили қайд аст, ки масъалаҳои дар ҷаласаи болозикр баррасигардида, махсусан масъалаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ барои табодули таҷриба ва истифода дар пешбурди фаъолияти Хадамот муҳим арзёбӣ хоҳад гардид.