Хабарҳо ва чорабиниҳо

Парлумон бехатарии иншоотҳои гидротехникиро баррасӣ менамояд

02.04.2018

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Санади мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садридин Шарипов баррасӣ намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таљдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншоотҳои гидротехникиро ба танзим даровардааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба таври мушаххас самтҳои таъмини фаъолияти иншоотҳои гидротехникиро бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои моликони иншоотҳои гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақоми назоратӣ муайян намуда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муқаррар намудааст.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати пурратар гардидани лоиҳаи Қонуни мазкур 4 таклифу пешниҳод ворид гаштааст, ки ҳамааш қобили дастгирӣ гардид, ки дар ҷадвал нишон дода шудааст.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар ҷаласаи худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар анҷом аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида қарори дахлдор қабул намуданд.