Хабарҳо ва чорабиниҳо

Ба якчанд қонунҳо тағйироту иловаҳо ворид карда шуд

04.04.2018

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаи мазкурро ба вакилони мардумӣ Султон Раҳимзода муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили мардумӣ Баҳром Абдуалимов баррасӣ намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншоотҳои гидротехникиро ба танзим даровардааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба таври мушаххас самтҳои таъмини фаъолияти иншоотҳои гидротехникиро бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои моликони иншоотҳои гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақоми назоратӣ муайян намуда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муқаррар намудааст.

Масъалаи дигари рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ Султон Раҳимзода муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили мардумӣ Бахтовар Сафарзода муарифи намуда, изҳор доштанд, ки санади мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода  аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи мазкур ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарордодан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додании ншоотҳои гидротехникӣ бахшида шуда, барои риоя накардани қоидаҳои дахлдор дар ин соҳа ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамояд. Мувофиқи лоиҳа ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 23бо номи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» бо чор мода илова мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вакили мардумӣ ва Мавлуда Мирзозода баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур ба муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Дар Кодексҳои амалкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи бехатариии ншоотҳои гидротехникӣ пешбинӣ нашудааст.

Дар ҳолати ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти  назоратии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ асоснок карда шуда, доираи ваколатҳо вобаста ба баррасӣ ва таъин намудани ҷазоҳо бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 4041-404 пешбинӣ шудааст аз ҷониби шахсони масъул муайян карда мешавад.

Ҳамин тариқ дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида вакилони мардумӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

http://parlament.tj/