Хабарҳо ва чорабиниҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ»

18.05.2018

Моддаи 1. Ба моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 825; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1500) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 1 калимаҳои «ва ё истифодабарандагон» ба калимаҳои «, истифодабарандагон ва ё бо фармоиши онҳо ташкилотҳои дахлдоре, ки ба талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷавобгўй мебошанд,» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «дар муҳлати муқарраргардида» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1534


Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:  
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2018, № 1040


Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:  
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.  

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018,  № 543


http://jumhuriyat.tj