Хабарҳо ва чорабиниҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.05.2018

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, №1476) моддаи 1151 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1151. Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ 
1. Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 4041 - 4044Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва муовини ў ҳуқуқ доранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1519


Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2018, № 1044

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 528