Хабарҳо ва чорабиниҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.05.2018

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, №7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с, 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1 - 2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7 - 9, мод. 568, мод. 585; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1477), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 33 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;».
2. Боби 231 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«БОБИ 231. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

Моддаи 4041. Риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
1. Барои риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, қабул ва ба истифодабарӣ супоридан, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан ва аз истифодабарӣ баровардан, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 4042. Монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ
Барои монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ, шинос шудан бо маводи вобаста ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили назорати техникӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 4043. Дар муҳлати муқарраршуда аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Барои дар муҳлати муқарраршуда аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. 

Моддаи 4044. Пешниҳод накардани маълумот ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Барои аз тарафи молик ё истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод накардани маълумот дар бораи таҳдиди садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ё пинҳон доштани чунин маълумот ё додани маълумоти бардурўғ ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавии ҳудуди зери фишори об қарордошта, хабар надодан ба кормандони иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақаҳои имконпазири зериобмонӣ воқеъбуда, -ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1517