Хабарҳо ва чорабиниҳо

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

25 июни соли 2024 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Сардори Хадамот муҳтарам Ғафурзода Тағоймурод баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ шодбош гуфтанд.