Хабарҳо ва чорабиниҳо

Рўзи Ваҳдати Миллӣ муборак!

26.06.2019

Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо рўзи Ваҳдати Миллӣ муборакбод мегўем!

27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи рахшони Тоҷикистон аст. Аз самими қалб ба Шумо татбиқи нақшаҳои минбаъдаатон, саломатии қавӣ, дар ҳамаи ҷодаи фаъолият корҳои пурсамар баҳри рушди Ватани азизамон таманно дорем.