Хабарҳо ва чорабиниҳо

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмуни кушода эълон менамояд.

28.06.2019

Мудири бахши умумӣ ва корҳои махсус 1 – ҷой; маоши вазифавӣ 1198.80 сомонӣ; таҳсилоти олии касбӣ; 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Мудири бахши муҳосибавӣ 1 – ҷой; маоши вазифавӣ 1198.80 сомонӣ; таҳсилоти олии касбӣ; 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиќаи умумии меҳнатӣ. Мутахассиси шўъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъйиноти энергетикӣ 1 –ҷой; маоши вазифавӣ 732.00 сомонӣ; таҳсилоти олии касбӣ; 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Ҳуҷҷатҳои барои озмун пешниҳодшаванда: - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ; - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси 4х6); - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; - шарҳи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038; - нусхаи билети ҳарбӣ; Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 руз пас аз нашри эълон барои гузаронидани озмун. Нишонии қабули ҳуҷҷтҳо: шаҳри Душанбе, кучаи Шамсӣ 5/1 блоки Б телефон: 236-98-45.