Хабарҳо ва чорабиниҳо

Фаъолияти «Гидроэнергетика» назаррас аст

20.08.2019

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созандаву пешбаранда, муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанро нишон дода истодааст.
Фаъолияти имрӯзаи ҳизб бозгӯи он аст, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дошта бо мурури замон аъзо ва чонибдорони ин ҳизби созандаю мутаҳидсоз зиёд шуда истодааст. Барои корҳои таблиғотӣ дар байни тамоми қишҳои ҷомеа ба роҳ мондан имрӯз кумитаю ташкилотҳои ҳизбӣ бо ҷидду ҷаҳди тамом фаъолият доранд.
Яке аз онҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гидроэнергетика» - и Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар ноҳияи Сино мебошад, ки зери роҳбарии Замонзода Мадамон фаъолияти назаррас дорад. Мавсуф зимни суҳбат бом о иброз дошт, ки аъзои ташкилот ҳама дастуру супоришҳои ҳизбиро вазифаи доимии худ шуморида, барои татбиқи онҳо кӯшиш менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии «Гидроэнергетика» 12 апрели соли 2017 фаъолиятро оғоз намуда, имрӯз дар худ 16 нафар аъзо дорад. Айни замон барои аъзо шудан ба сафи ҳизб хоҳишмандон аризаи худро пешниҳод намудаанд, ки дар ҳоли омӯзиш қарор доранд. Бояд гуфт, ки аъзои ташкилот дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, барои пешрафту шукуфоии ин ҳизб муттаҳидсозии пайваста саҳми худро мегузоранд. Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти корӣ дар ТИ «Гидроэнергетика» нақшаи чорабиниҳо таъсис дода шуда, фаъолияти ташкилот мувофиқ ба талаботи Оинномаю Барномаи ҳизб ва тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти он ба роҳ монда шудааст.


Н. Темур
«Мароми Пойтахт»