Хабарҳо ва чорабиниҳо

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19)

28.04.2020

Тавсияҳо оид ба пешгирии ва паҳншавии сирояти коронавирус

(COVID-19) 

1. Худмуҳофизатӣ
Касе, ки ба яке аз нишонаҳои (омилҳои) зерин мутобиқат мекунад, набояд ба ҳудуд ворид шавад ва бояд тавсияҳои худмуҳофизатиро риоя намояд:
- ҳарорати баланд дошта ё ба наздикӣ мубталои сулфа шуда бошад
- ба гурӯҳи осебпазир дахл дошта бошад (аз рӯи синну сол, ҳолати саломатӣ, ҳолати клиникӣ ё ҳомиладорӣ);
- бо шахси дар шароити худмуҳофизатӣ қарор дошта ё шахси осебпазир зиндагӣ кунад.
2. Чи бояд кард, агар касе бемор шавад
Агар дар раванди кор дар коргар ҳарорати баланд ё сулфа пайдо шавад, он бояд:
-фавран ба хона баргардад ва ҳаракат кунад ба ягон ашё нарасад ва аз наздик шудан ба касе худдорӣ намояд;
- сулфа ва атсаро танҳо ба маводи матоъгӣ амалӣ намояд ва онро ба сатили партовҳо партояд ё агар матоъ набошад, онгоҳ сулфа ва атсаро ба даруни оринҷ амалӣ намояд;
- ин гуна шахсон ба тавсияҳои худмуҳофизатӣ риоя намоянд ва ба кор то ба итмом расидани давраи худмуҳофизатӣ ҳозир нашаванд.
3. Чи тавр ҳозир шудан
Дар ҳамаи ҷойҳое, ки имконият ҳаст, коргарон бояд як нафарӣ, бо истифодаи нақлиёти шахсӣ ҳозир шаванд ва дар ҷойи кор бояд чунин шароитҳо бошанд:
- ташкили таваққуфи автомобилҳо ва дучархаҳо; намудҳои дигари нақлиёт бидуни нақлиёти ҷамъиятӣ, масалан бо савори дучархаҳо;
- дар даромадгоҳҳо ва баромадгоҳҳо таъмин намудани воситаҳои шустан ва тозакунии дастҳо (собун ва об, агар имконият набошад, бо воситаи моддаҳои безараргардон);
- усули таъмини то ба хона расонидан барои онҳое, ки агар бемор шаванд.
4. Шустани дастҳо
Агар дар ҷойи кор нуқтаҳои шустан дур бошанд ва ё шумораи ҳайати шахсӣ бисёр бошад, воситаҳои иловагӣ барои шустани дастҳо таъмин карда шавад.
Бояд боварӣ ҳосил намуд, ки собун ва об ҳама вақт дастрас ва доимо таъмин карда мешаванд.
Дар ҷойҳое, ки воситаҳо барои шустани дастҳо мавҷуд набошанд, воситаҳои безараргардонӣ пешниҳод карда шаванд.
Воситаҳо барои шустани дастҳо мунтазам тоза карда шаванд ва захираи собуну воситаҳои базараргардонӣ тафтиш карда шаванд.
Қуттиҳои партов барои сачоқҳои қоғазӣ бо мунтазам холӣ ва дур кардани онҳо таъмин карда шаванд.
Дар ҷойи кор захираҳои иловагии собун, воситаҳои безараргардонӣ барои дастҳо ва сачоқҳои қоғазӣ зарурият доранд ва онҳо бояд дар ҷойи бехатар нигоҳ дошта шаванд.
5. Дурӣ ҷустан аз якдигар ҳангоми наздик кор кардан
Ҳолатҳои мешаванд, ки коргарон наметавонанд аз ҳам бо андозаи ду метр масофагирӣ намоянд.
Корҳои ҷисмоние, ки робитаи зичи байни коргаронро талаб менамояд бояд иҷро карда нашаванд.
Асбобҳои истеҳсолии истифодаи бисёркарата бояд пас аз истифода хуб тоза карда шаванд ва байни коргарон набояд тақсим шаванд.
Асбобҳои истеҳсолии истифодаи яккарата бояд партофта шаванд, то ки онҳоро натавонанд такроран истифода намоянд.
Зинапояро нисбати лифтҳо ё болобарҳо бояд бештар истифода бурд.
Дар он ҷое, ки лифтҳо ё болобарҳо истифода мешаванд:
- қобилияти гузариши онҳо кам карда шавад (барои кам кардани издиҳоми одамон ва наздикшавии онҳо);
- нуқтаҳои расиш (дар, тугмаҳо, монеаҳо ва ғайра) бояд мунтазам тоза карда шаванд;
- ҳавоивазкунӣ дар утоқҳои маҳкам зиёд карда шавад;
- қисми дохилии воситаҳои нақлиёт ва ҷузъҳои истифодабарии он мунтазам тоза карда шавад.
6. Рӯбучин кардан
Бояд расмиёти васеи тозакунӣ барои тамоми иншоот ташкил карда шавад, ба хусус дар ҷойҳои истифодаи умум ва дар ҷойҳои расишу наздикшавӣ, аз ҷумла:
- кранҳо ва маводҳои шустушӯӣ;
- ҳоҷатхона ва обпартоҳо;
- дастаҳои дар;
- дастқапакҳо дар зинапоя ва роҳравҳо;
- лавҳаҳои идораи болорав ва поёнфаро;
- мошин ва таҷҳизотҳои идоракунанда;
- таҷҳизоти телефонӣ;
- клавиатура, дастгоҳҳои нусхабардор ва дигар техникаи идоравӣ; нуқтаи ҷамъшавӣ ва нигоҳдории ахлот бояд мунтазам дар давом ва охири ҳар рӯз холӣ карда шаванд.