Хабарҳо ва чорабиниҳо
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалии байналмиллалӣ дар соҳаи об
16.11.2022
Дар ҷаласаи мазкӯр Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ - Ғафурзода Тағоймурод нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти сиёсӣ, тамомияти арзӣ, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон махсусан муҳим арзёбӣ намуд, ки ин дастовардҳои бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Инчунин Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои глобалии байналмилалӣ дар соҳаи об зикр гардид.
Боиси ифтихори мардуми кишвар аст, ки тавассути кӯшишҳои хирадмандонаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббусҳои шоиста тавонистанд Саҳнаи Муколамаеро ба роҳбарони давлатҳои гуногунмиллату гуногунзабон ва гуногунмазҳабу гуногунфарҳанг ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳалли яке аз мушкилоти умумибашарӣ – таъмини об ба ҳар як сокини сайёра фароҳам оваранд.
Дар ин замина мақому манзалати миллати Тоҷик ва Тоҷикистонро шоистаю устувор гардонида, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба сокинони сайёра ҷалб ва бо ин иқдом дар саҳифаи таърихи Башар сабти номи нек намуданд.