Хабарҳо ва чорабиниҳо

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – Ҳизби созандаю бунёдкор

09.12.2022

11.png

9-уми декабри соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Гидроэнергетика» бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарси сиёсӣ таҳти унвони «ҲХДТ – ҳизби созандаю бунёдкор» доир гардид.

Ғафурзода Тағоймурод - Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Раиси Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Гидроэнергетика», иброз намуданд, ки бо ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ пойдор гардид.

Сипас, марҳила ба марҳила бо татбиқи ҳадафу маромҳои созандаи барномаҳои ҳизбамон, мардуми шарифи Тоҷикистон ба музаффариятҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҳамаи талошу заҳматҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Дар воқеъ нақши Пешвои муаззами миллат дар ташкил ва фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин бунёди сулҳу субот ва оромии кишвар, расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат, беназир мебошад.

Шоистаи тазаккур аст, ки давоми 28 соли фаъолияти пурсамар ҳизби мо бо аъзои худ, ки аз қисмати пешқадаму фаъоли ҷомеа пазируфта шудаанд ва ҷонибдорони сершумораш як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар муайян намудани тақдири Тоҷикистон чун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим бозид.

Бо камоли ифтихору самимият ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамаи аъзои ҳизб муборак гуфта, татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, пойдории сулҳу субот, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва сарбаландии ҳар яки Шуморо таманно дорам.