Хабарҳо ва чорабиниҳо

Маҷлиси ҷамъбастӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика”

13.01.2023

325534283_1344738859692766_2675073602883514225_n.jpg

13 январи соли 2023 дар Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти соли 2022 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, раиси Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” - Ғафурзода Тағоймурод, мутахассиси шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Баротова Маҳина ва аъзои ҳизб баргузор гардид. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис ҳисоботи Ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти солона ва масъалагузориҳо барои соли 2023 аз ҷониби Ғафурзода Тағоймурод - раиси Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” ироа гардид. 

Аз рӯи масъалаи дуюм Маҳина Баротова вобаста ба мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ оммафаҳм ва таҳлилӣ суханронӣ намуда иброз доштанд, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастури роҳнамо ба аҳли ҷомеа мебошад. 

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Маҷлис нақша чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” барои фаъолияти соли 2023 тасдиқ карда шуд. 

Дар хотима, ба мудири Бахши муҳосибавӣ ва хоҷагӣ - Валиҷонов Умед дар фазои тантанавӣ ба муносибати ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузоштанашон, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд.

325448194_861558001745635_3771781771368111881_n.jpg