Хабарҳо ва чорабиниҳо
Таъиноти кадрӣ ва савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
05.05.2023Санаи 03 майи соли 2023 ҷаласаи навбатии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ кадрҳоеро, ки ба тариқи озмун ба вазифаҳои сардори бахши корҳои умумӣ ва махсус, сармутахассиси шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти энергетикӣ, сармутахассиси шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти хоҷагии об, сармутахассиси бахши ҳуқуқ ва кадрҳо, мутахассиси пешбари бахши корҳои умумӣ ва махсус, ки ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, аз тарафи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муҳтарам Ғафурзода Тағоймурод, барои муаррифӣ ва суҳбат ба ҳузур пазируфта шуд.
Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби кадрҳои ҷавонони болаёқат ва ихтисосманд, ки тариқи озмун гузаштаанд ба кор қабул намудем.
Тибқи муқаррароти моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрвандоне, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ қабул мешаванд, дар ҳузури кормандон бо тантана савганд ёд мекунанд.
Тибқи ин, маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ дар ҳузурии сардор ва кормандони Хадамот баргузор гардид.
Баъди қироат намудани савгандёдкунии хизматчиёни давлатии навтаъин, аз тарафи сардори Хадамот вазифаи онҳо ва нақши хизматчии давлатӣ фаҳмонида шуд ва дар ҷамбасти ҷаласа сардори Хадамот таъкид намуданд, ки дар фаъолияти худ шаффофият, софдилона, содиқона, поквиҷдонӣ ва зиракии сиёсиро масъули кори худ донед.