Хабарҳо ва чорабиниҳо
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «гидроэнергетика»
24.06.2023Имрӯз дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо иштироки Мирзозода И.Х. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе, Файзуллозода З.Ф. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Синои ш. Душанбе ва Ғафурзода Т. - раиси Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика”- сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Қайд карда шуд, ки Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика”, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ доир намуда, вобаста ба дастовардҳои 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидоӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома оиди ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 «Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ» ба асос гирифта шуд.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи сеюми рӯзнома оиди тасдиқи нақшаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии «Гидроэнергетика» барои нимсолаи дуюми соли 2023 тасдиқ гардид.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи чоруми рӯзнома Мирзозода И.Х. -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе, оид ба интихоби раиси Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” суханронӣ намуда, бо пешниҳоди аъзои ҳизб ва бо дарназардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб, Ғафурзода Тағоймурод ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ “Гидроэнергетика” интихоб гардид.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи панҷуми рӯзнома, муовини раиси Ташкилоти ибтидоии “Гидроэнергетика” - Аббос Мусалламаи Абдулхолиқӣ бо ҷонибдории аъзои ҳизб интихоб гардиданд.
Дар хотимаи ҷаласа аъзоёни ҳизбро бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе, барои хидматҳои арзишманд, фаъолияти пурсамар ва мусоидат дар татбиқи босамари оинномавию барномавии ҲХДТ, инчунин ба василаи дарёфти роҳу усулҳои муосири таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба таҳким бахшидани маърифати сиёсии ҷомеа, ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мирзозода И.Х. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе, ҳозиринро бо ҷашни миллиамон 26-солагии Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, доир ба заҳмату талошҳои хастагинопазири Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонӣ суханрони намуданд.