Хабарҳо ва чорабиниҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НЕЪМАТИ ҚИМАТБАҲОИ МИЛЛАТ!

24.06.2023

88888888888.jpg

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд.

Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаи таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави таърихи навин қадам ниҳодааст.
Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад.
Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷикон неъмати волост.
Воқеан ҳам, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, давлати ҷавон ва тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Пеш аз ҳама, ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва пеши роҳи таназзули давлати мо шуд. Ин Созишномаи таърихӣ замоне имзо шуд, ки дар кишвар ҷанги бераҳмонаи бародаркуш давом мекард ва худ рӯи амал омадани созишномае, ки заминаи таъминкунандаи сулҳ аст, на ба ҳар ҷониб манфиатовар буд. Махсусан, ба ҷонибҳое, ки чунин нобасомониро асос гузошта, манфиат меҷустанд.
Маҳз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳадафҳои умумимиллӣ бар ҳадафҳои ҷудогона пирӯз шуданд.
Вале дар айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Имрӯз тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.

Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли ҳамватанонро бо ҷашни Вахдати миллӣ табрик мегӯям. Бигзор Ваҳдати миллати тоҷик пойдор, мардумонаш сарбаланду пирӯз бошанд!

Бо камоли эҳтиром,
сардори Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Тағоймурод Ғафурзода