Хабарҳо ва чорабиниҳо

Мукофоти давлатӣ муборак!

04.09.2023

53152477401_302066b2bb_c.jpg

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21.08.2023 №618 Ғафурзода Тағоймурод, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ барои саҳми арзанда дар рушду нумўъи соҳа бо мукофоти давлатӣ-медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.

16.jpg

12.jpg

14.jpg

4.jpg

5.jpg

Изображение WhatsApp 2023-09-04 в 17.53.33.jpg