Хабарҳо ва чорабиниҳо

Чорабинии илмӣ–маърифатӣ бахшида ба се иди таърихии тақдирсоз

16.11.2023

1.jpg

16 НОЯБРИ СОЛИ 2023 ДАР ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ БАХШИДА БА СЕ ИДИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муҳтарам - Ғафурзода Тағоймурод зимни ифтитоҳи чорабини қайд намуданд, ки таърих гувоҳ аст халқи меҳнаткаши тоҷикистон чӣ рӯзҳои нангину даҳшатборро паси сар кардаву чӣ қурбониҳоро таҳаммул намудааст. Хушбахтона, мардуми тоҷик бо нерӯву хиради хеш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ғояҳои сулҳхоҳӣ, ватандӯстӣ ва ягонагиро дастгирӣ намуданд.

Бешубҳа Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.
Маҳз, ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.
Муовини сардори Хадамот - Исоев Ҳаёт дар маърузаи худ қайд намуд, ки Тоҷикистони азиз дар зарфи 32 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада ба вуқуъ пайвастанд.

Инчунин иброз доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ҷониев Хисрав - сардори шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти хоҷагии об дар мавзӯи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Хусрав - сардори шуъбаи назорати иншоотҳои гидротехникии таъиноти энергетикӣ дар мавзӯи НБО Роғун, Восиев Аҳлиддин - мудири бахши умумӣ ва корҳои махсус дар мавзӯи Раванди сулҳ ва музокироти тоҷикон баромад намуданд.

Дар хотима Сардори Хадамот кормандонро ба сулҳофарию ватандустӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуданд.

22222222.png

3333333333.jpg