Хабарҳо ва чорабиниҳо
24 август дар Маркази ҳамоишҳои “Аваза” дар шаҳри Туркменбошӣ Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.

26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд.

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.
Дар Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз рафти иҷрои корҳо дар минтақаҳои муҳимми иншоот - толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо шинос шуданд.
Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи имрӯзаи иншооти Сойи оби шӯр ва садди муҳофизатӣ, ки дар ин ҷо ҳанӯз соли 2015 сохтмонаш ба анҷом расида буд, шинос шуданд