КМСБ

 

Комиссияи байналхалқи оид ба сарбандҳои бузург

       Комиссияи байналхалқи оид ба сарбандхои бузург (КБСБ) ташкилоти ғайриҳукумати,  форуми мубодилаи дониш ва таҷриба ҷиҳати сохтмони сарбандҳо мебошад.

     Ташкилоти номбурда дар соҳаи худ ҳамчун ташкилоти пешсаф роҷеъ ба сохтмони самаранок, сарфакор ва бидуни таъсири осебрасон ба муҳити сохтмони сарбанд ҳисоб меёбад. Мақсади асосии комиссия ин ҳавасманд намудан ва комёби дар самти банақшагири, лоиҳакаши, сохтмон, баҳрабардори ва хизматрасонии техникии сарбандҳои бузург, бо роҳи ҷамъовари ва тарғиботи ахбороти дахлдор, инчунин бо роҳи омӯзиши масъалаҳои техники мебошад.

     КБСБ   ба мамалакатҳо ёрии худро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои асри 21 оид ба рушд ва идораи захираҳои байналхалқии оби ва гидроэнергетики мерасонад.

    КБСБ ҳамчун ташкилоти пешсаф ҷиҳати муқаррар намудани стандартҳо ва принсипҳои идораи сохтмон ва баҳрабардории бехатар, самаранок, сарфакорона ва экологии устувори сарбандҳо ҳисоб меёбад.

    КБСБ майл дорад, ки ташкилоти пешсафи корозмудаи байналхалқи хисоб ёфта, фаъолияти он ба пешравии сохтмони сарбандҳо, мусоидат ҷиҳати рушди оқилона ва устувор, идораи захираҳои оби ва гидроэнергетики равон мебошад.

   КБСБ ба мамлакатҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои асри 21 оид ба рушд ва идораи захираҳои оби ва гидроэнергетики ёрии худро мерасонад.

                                                               

КУМИТАҲОИ МИЛЛИ

   Кумитаи милли, вобаста ба шароити ҳар як мамлакат, ё кумитаи махсус  бо мақсади иштирок дар Комиссия, ё кумитаи милли, ё кумитаи тобеи ташкилоти байналхалқии дилхоҳ,  ба мисли Конфронсаи умумиҷаҳонии энергетики, ки аз ҷониби Комиссия тасдиқ ёфтааст, ҳисоб меёбад.

   Кумитаҳои милли бояд аз қатори шахсони салоҳиятдор оид ба сохтмони сарбандҳо                                                               ташкил карда шаванд.

   Кумитаҳои милли ҳуқуқ доранд, ки созишнома ҷиҳати ассотсиатсияи байниҳамдигари ба имзо расонанд, ташкилоти кумитаҳо мувофиқи талаботи онҳо, қонунгузории милли ва бо назардошти шароити худи мамлакат озод мебошанд.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои КБСБ мебоша, аммо бо сабаби пардохт накардани ҳаққи аъзоги, кумитаи милли дар сатҳи лозими фаъолият карда наметавонад.

Муфассал http://www.icold-cigb.net/ 

 

 

 

                                                                                                   

 

 

 

Тестери ултрасадои УК1401М

      Асбоб барои ченкунии вақт ва суръати паҳншавии мавҷҳои дарозрӯяи ултрасадо дар масолеҳи дурушт ҳангоми ченкунии сатҳи дар базаи мутаваҷҷеҳ, бо мақсади муайян намудани мустаҳками ва яклухтии масолеҳ (асосан бетон тибқи ГОСТ 17624-87) ва конструксияҳо пешбини шудааст.

 

Регистратори сигналҳои сейсмики «Делта-03» + қабулкунаки сейсмикии пезоэлектрики А0531

     Асбоби мазкур барои қайдкунии худкори сигналҳои сейсмики аз манбаъҳои  сунъи  ва табии  ҷунбиш  (аз ҷумла  вибратсиони), инчунин амали намудани мониторинги ларзишии биноҳо ва иншоот (муайян намудани таъсири забивкаи свай ба  конструксияи биноҳои наздикҷойгиршуда дар шароити сохтмони зичи шаҳри ва ҷунбиши сохтмони  пулҳо) пешбини шудааст.

Тепловизор FLuke

   Тепловизор – ин асбобе мебошад, ки афканишоти инфрасурх ва гармиро муайян менамояд.  Муоинаи тепловизиони – яке аз самтҳои пешсафи назорати ҳолати конструксияҳо ва таҷҳизоти барқии гуногун мебошад.  Муоинаи тепловизиони  усули самараноки пешгирии  ҳодисаҳои садамави буда, хароҷоти муоинаи техники ва ҷустуҷӯи нуқсонро кам менамояд. Дар асбоби  мазкур детектори сарднашавандаи  384 х 288 нуқта ширкати  ULIS  (зиёда аз 90 % тепловизорҳо дар ҷаҳон дар асоси онҳо ба вуҷуд омаданд) истифода бурда мешавад.

Тахеометри техникии Sokkia СХ-106

   Тахеометр - асбоби геодези буда, барои чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқи ва амуди истифода бурда мешавад. Ба синфи теодолитҳои такрорнашаванда мансуб буда,  барои  муайян намудани координатаҳо ва баландии нуқтаҳои мавзеъ ҳангоми банаворгирии топографии мавзеъ, корҳои тақсимкуни, баровардани баланди ва координатаҳои нуқтаҳои лоиҳави дар мавзеъ, асосан бо усулҳои ғайримустақими ченкунии нишонаҳои мустақим ва баргарданда, нивелировании тригонометри истифода бурда мешавад.  Ба ГОСТ Р 51774-2001 мувофиқ  аст.

Манометр  Testo 312-4

 Манометр барои санҷиши пешаки ва нақшавии  қубурҳои гази ва қубурҳои гидравликии то 25 бар истифода бурда мешавад.

Хусусият:

Тафтиш намудани созии баҳрабардори ҷиҳати  паст шудани фишор дар қубури гази.

 Тести ҳавоногузари дар қубурҳои оби.

Чен кардани ҳарорат дар радиаторҳо.

Тест барои санҷидани фишор дар қубурҳои канализатсиони.

Эхолот JJ- Connect Fisherman Wireless 2

Барои ченкунии чуқурии оби акваторияи объекти оби ва инъикос намудани нақши муқарнаси қаър ҳангоми муоинаи иншооти гидротехники пешбини шудааст.

Асбоби ченкунии   дурушти Темп  4

  Ин асбоби таъғйирдодашудаи асбоби ТЕМП-3 мебошад. Барои ченкунии дуруштии маҳсулоти гуногун  (маҳсулоти резини, пӯлод, чӯян, металлҳои ранга ва ғайра), дар озмоишгоҳҳо ва истеҳсолоти саноати истифода бурда мешавад.

Истифода бурдани асбоби ченкунии дуруштии ТЕМП-4

     Асбоби ченкунии дурушти Темп-4 дар соҳаи нафтугази, кимиё, мошинсози, металлургия, энергетика ва дигар соҳаҳои саноат, инчунин ташкилоти таъмири-васлгари истифода бурда мешавад.

 

Асбоби ултрасадои ченкунии ғафси MG2-DL

   Асбоби ултрасадои ченкунии ғафси MG2 – DL асбоби ултрасадои назорат Olimpus NDT(Panametrics NDT),

   Тавсифи асбоб: асбоб барои ченкунии ғафсии металл аз болои занг, коррозия ва рӯйпуш (опсия), барои ченкунии сатҳи гармшуда (опсия), барои чен кардани ғафсии девори қубурҳо, резервуарҳо ва конструксияҳои металли истифода бурда мешавад .

МКРС асбоби микрокомпютерии ченкунии хароҷот-суръат

Истифода бурда мешавад:

- барои чен кардани суръат ва муайян намудани хароҷоти ҷараёни об дар каналҳои кушодаи шакли гуногуни   системаи обтаъминкуни;

- ченкунии суръати ҷараён ва муайян намудани масраф дар қубурҳои системаи канализатсия;

- ченкунии суръати ҷараёни дарё;

- ченкунии масраф дар қубурҳои системаи обтаъминкуни.

Асбоби ченкунии параметрҳои ларзиш Вибротест – МГ4

Намуди таҷҳизот: асбоби ченкунии ларзиш, виброметр

Истеҳсолкунанда: Россия

Силсила: Вибротест

Модел: Вибротест –МГ4, Вибротест МГ4.01, Вибротест-МГ4.03

Тавсиф: асбоб барои ченкунии параметрҳои ларзиш

Сертификатҳо ба асбоби ченкунии ларзиш Вибротест – МГ4, ВибротестМГ4.01, Вибротест –МГ4.03

  Вибротест МГ4 барои назорати  амплитуда ва зудии  лаппишҳои синусоидалии дастгоҳҳои ларзиши пешбини карда шудааст, ки  барои зичкунии омехтаҳои бетони ҳангоми истеҳсолоти маҳсулоти бетонию металли истифода бурда мешавад,  инчунин барои ченкунии параметрҳои ларзишии дигар объектҳо истифода бурда мешавад. Маълумоте, ки ҳангоми ченкуни ба даст оварда мешавад, ба таври автоматики нигоҳ дошта шуда,  сана ва вақти гузаронидани  ченкуни қайд карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

             Хадамоти назорати давлатии бехатарии иншооти гидротехники

    Хадамоти назорати давлатии бехатарии иншооти гидротехники мақомоти ваколатдори иҷрокунандаи ҳокимияти давлати мебошад, ки назорати давлатиро дар соҳаи иншооти гидротехники дар марҳилаи лоиҳакаши ва баҳрабардори таъмин менамояд.

   Хадамот  1 августи соли 2014  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 511, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехники»  таҳти № 666 аз 29 декабри соли 2010 таъсис ёфтааст.

  Мақсади фаъолияти Хадамот ин татбиқ намудани сиёсати давлати оид ба таъмин намудани бехатарии  ИГТ мебошад.

  Вазифаҳои Хадамот ин назорат ва риояи меъёрҳо,  қоидаҳо, мутобиқати онҳо ба  меъерҳои бехатари, ҳалли  масъалаҳои  бамиёномада оид ба бехатарии иншоот, бехатарии иншоот  нисбат ба шахсони воқеию  ҳуқуқи ва муҳити зист, мебошад.


  Хадамот таҳти идораи Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

  Хадамот фаъолияти худро  дар  ҳамкори  бо дигар муассисаҳои давлати, ташкилоти ҷамъияти ва байналхалқи  амали менамояд.

  Хадамот  фаъолияти худро дар асоси Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналхалқи, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд, супоришоти Вазорат ва Низомномаи мазкур,  амали менамояд.

  Хадамот шахси ҳуқуқи ҳисоб ёфта,  соҳиби мӯҳр бо тасвири  Нишонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номгӯй  бо забони давлати, штамп, бланк буда, аз суратҳисоби  ягонаи Саридораи марказии хазинагии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағгузори карда мешавад.

Фаъолияти Хадамот

    Вазифаҳои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи  Хадамот ин пешгири намудани номутобиқати, вайронкуниҳо, садамаҳо ҳангоми сохтмон ва баҳрабардори, таъмири асоси, консерватсия, ва барҳамдиҳии иншооти гидротехники бо роҳи гузаронидани   тафтишоти нақшави ва  назорати систематики аз болои иҷрои талаботи ҳатми, мониторинги бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда ва оқибати онҳо, чорабиниҳои огоҳони ва пешгири.

  Хадамот ҳарсола корҳои нозиротиро дар зиёда аз 30 нерӯгоҳҳои бузург ва миёна,  150 иншооти гидротехникии таъиноти хоҷагии оби ва ҳифзи муҳити зист амали менамояд. Комиссияҳои байнимуассисави аз ҳисоби мутахассисони соҳави ташкил карда мешавад, фаъолияти он  ба андешидани чорабиниҳо ва ҳалли  масъалаҳои ҳуқуқи ҷиҳати  таъмин намудани чорабиниҳои бехатари дар баъзе иншооти гидротехники равон карда шудааст. Иншооти гидротехникиро ба Феҳристи давлатии  ИГТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамояд. Тартиби эъломиясозиии бехатарии ИГТ-ро ба танзим медарорад.

Озмоишгоҳ

   Соли 2016 таҳти дастгирии Ҷамъияти олмонии ҳамкории техники- GIZ, дар доираи  лоиҳаи «Идораи  транссарҳадии захираҳои оби дар Осиёи Маркази»,  ба ихтиёри Хадамот Озмоишгоҳи мутаҳаррики назорат бо усулҳои  ғайривайронкунанда, ки ба таркиби он 11 номгӯи асбобҳо барои гузаронидани муоинаи геодези, сейсмологи,  гидрологи, ва назорати конструксияҳои металли ва бетонии иншооти гидротехники,  дода шудааст.

    Озмоишгоҳ дар базаи фургони  ГАЗ 2705 фаъолият менамояд. Озмоишгоҳ бо асбобҳои назорати барои муоинаи геодези, сейсмологи ва гидрологи, инчунин барои назорати конструксияҳои металлию бетони ҷиҳати устувори ва ҷой доштани нуқсонҳо  таҷҳизонида шудааст. Маҷмаии ташхисии мазкур барои ченкуни ва таҳлили маълумот  дар шароити  гуногуни иқлими ва дар мавзеи кӯҳии душворгузар фаъолият менамояд.

НБО-ҳои   зериназорати

Нерӯгоҳи обию барқии Норак

   НБО-и Норак нерӯгоҳии калонтарини ҷумҳури  дар дареи Вахш ҳисоб ёфта,  иқтидори он 3000 МВт (9 агрегат бо иқтидори 335 МВт) ва истеҳсоли  энергияи барқи 11,2 млрд. кВт.с/сол  ташкил медиҳад. Сохтори зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳисоб меёбад. Иқтидори нерӯгоҳ 3,0 ГВт,  бо реҷаи номиналии 2,75 ГВт. Нерӯгоҳ  аз чор се ҳиссаи истеҳсоли энергияи барқро дар ҷумҳури таъмин менамояд.

Нерӯгоҳи обию барқии Сангтӯда-1

   НБО-и  Сангтӯда-1 – нерӯгоҳ дар дареи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иқтидори муқарраргардида 670  МВт ташкил медиҳад. НБО-и  Сангтӯда-1  зинаи панҷуми Силсиланерӯгоҳҳои Вахш ҳисоб меёбад ва ба қатори нерӯгоҳҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари НБО-и Норак (3015 МВт) ва нерӯгоҳи Бойғози (600 МВт) дохил мешавад. Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  110 км ба ҷануби пойтахти ҷумҳури-Душанбе ҷойгир мебошад.  НБО-и  Сангтӯда-1  бо сармоягузории  Федератсияи Россия ва ширкатҳои энергетикии Россия (асосан ИНТЕР РАО) сохта шудааст. Сармоягузории Федератсияи Россия ҷиҳати сохтмони НБО-и Сангтӯда-1  зиёда аз 16 млрд рублро ташкил медиҳад. Сохтмони НБО-и Сангтӯда-1  лоиҳаи калонтарини сармоягузори мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Россия  дар ҳудуди ИДМ татбиқ шудааст.

    Бо мақсади анҷом додани сохтмон ва баҳрабардории минбаъдаи нерӯгоҳи обию барқи корхонаи  муштараки Федератсияи Россия-Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии  «Сангтӯда-1» (ҶСК «Нерӯгохи барқию обии Сангтӯда-1») ташкил карда шуд. Саҳми ширкатҳои Федератсияи Россия дар  сармояи оинномавии   ҶСК «Нерӯгоҳи барқию обии Сангтӯда-1» 75% тарҳи 1 саҳмия, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон-25% ҷамъи 1 саҳмия  ташкил медиҳад.

  Сохтмони нерӯгоҳи барқиюобии Сангтӯда-1 дар муддати 4 сол – аз соли 2005 то соли 2009 давом дода шуд. Гидроагрегати якуми нерӯгоҳ истеҳсоли энергияи барқро аз моҳи январи соли 2008 оғоз намуд. 31 июли соли 2009 бо иштироки Президентҳои Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дмитрий Медведев ва Эмомали Раҳмон – нерӯгоҳ ботантана таҳти баҳрабардори супорида шуд.

Нерӯгоҳи барқиюобии Бойғози

   НБО-и Бойғози дар дарёи Вахш сохта  шудааст.  3 агрегатҳои нерӯгоҳ  соли 1985, чорумаш соли 1986 таҳти баҳрабардори супорида шуданд. Дар нерӯгоҳи барқию  оби чор гидроагрегат   бо иқтидори 150 МВт насб карда шудаанд.

 Иқтидори умумии муқарраргардида 600 МВт ташкил медиҳад.

 Обанбори Бойғози параметрҳои зерин дорад:

- ҳаҷми пурраи обанбор – 124, 6 млн. метри мукааб;

- ҳаҷми фоиданок – 87 млн. м. мукааб.

- сатҳи ҳадди ақали об – 617 м

   Дар доираи модернизатсияи НБО-и Бойғози реконструксияи системаи барангезиши генераторҳо ва системаи назорати гармии гидроагрегатҳо, аз ҷониби ширкати Гэнсер (Туркия) корҳо иҷро шуданд.

   Реконструксияи  ДТК  220 кВ бо истифодаи хомӯшкунакҳо бо изолятсияи  элегази ба нақша гирифта  шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ОЗМОИШГОҲИ МУТАҲАРРИК

   Дар ҳайати Хадамот Озмоишгоҳи мутаҳаррик дар базаи фургони ГАЗ 2705 фаъолият менамояд.

   Озмоишгоҳ бо дастгирии ширкати GIZ  соли 2016 ба даст оварда шудааст.  Бо таҷҳизоти вайроннакунандаи назорати устувори,  муайян намудани  мавҷудияти нуқсонҳои конструксияи металли ва бетони, инчунин таҷҳизот барои гузаронидани таҳқиқоти геодези, сейсмологи, гидрологи таҷҳизонида шудааст.

   Маҷмааи ташхисии мазкур барои ченкуни ва таҳлили маълумот дар шароити гуногуни  иқлими имконият  медиҳад, ки тафтиш дар мавзеи душворгузари кӯҳи гузаронида шавад.

МАЪЛУМОТИ  РОБИТАВИ:

-734025, ш. Душанбе, кӯчаи Шамси 5/1

- Тел.: (+992 37)  236-98-39

- факс: (+992 37) 236-98-42

- Е-mail: info@bigt.tj

Web page:  bigt.tj

 

ОБСЕ

Бо дастгирии Бюрои ОБСЕ дар Тоҷикистон нашр шудааст.

 

ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ХАДАМОТ ОИД БА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТИ ГИДРОТЕХНИКИ

 

 

 

 

 

 

 

 

ХАДАМОТ ОИД БА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТИ ГИДРОТЕХНИКИ

     Хадамот мақомоти ваколатдори иҷрокунандаи  ҳокимияти давлати мебошад, ки  назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехники таъмин менамояд.

    Хадамот мохи марти соли 2014 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехники» таъсис ёфтааст.

   Мақсади фаъолияти Хадамот назорат ҷиҳати риояи меъёрҳо ва қоидаҳо, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои бехатари,  ба танзим даровардани масъалаҳои бехатарии ИГТ,  мебошад.

 

 

ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ:

ОШКОР НАМУДАН, ҚАТЪ КАРДАН, ПЕШГИРИ НАМУДАНИ номутобиқати, вайронкуниҳо, садамаҳо ҳангоми сохтмон, баҳрабардори, таъмири асоси, реконструксия, консерватсия ва барҳамдиҳии ИГТ бо  роҳи гузаронидани:

- тафтишоти нақшави, назорат аз болои иҷрои талаботи ҳатми;

- мониторинги бартараф намудаи вайронкуниҳои ошкоршуда ва оқибати онҳо;

- ташкил намудани чорабиниҳои огоҳони ва пешгирикунанда.

 

ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ

      Дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёри ва ҳуқуқи,  меъёриву техники иштирок менамояд;

      Омодасози ва тафтиши сатҳи дониши кормандонро оид ба бехатарии иншооти гидротехники (ИГТ) назорат менамояд;

      Ҳамкории байналхалқиро дар соҳаи бехатарии ИГТ ба роҳ мемонад;

      Гузаронидани чорабиниҳоро оид ба паст намудани дараҷаи хатарнокии ҳодисаҳои садамави назорат менамояд ва ғайра;

     Фаъолияти шахсони воқеи ва ҳуқуқиро, ки  ИГТ-ро баҳрабардори менамояд ҷиҳати таъмин намудани бехатари назорат мекунад;

      Ба ташкилот ва муассисаҳои  дахлдор барои ба даст овардани маълумот, ки ба ИГТ  тааллуқ дорад, муроҷиат менамояд.

 

 

СОХТОРИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ

Роҳбарият                                     -Шӯъба оид ба назорати иншооти гидротехникии                     

                                                         таъиноти энергетики

                                                        -Шӯъба оид ба назорати иншооти гидротехникии

                                                        таъиноти хочагии оби

                                                         -Озмоишгоҳи назорат бо усулҳои вайроннакунанда

                                                        - Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо

                                                        - Бахши муҳосибот ва хоҷагидори

                                                        - Бахши корҳои умуми ва махсус

 

ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ

   Ҳарсола Хадамот корҳои нозиротиро дар зиёда аз 30  нерӯгоҳҳои калон ва миёна,  150 ИГТ-и  таъиноти хоҷагии оби ва ҳифзи табиат амали менамояд.

   Комиссияҳои байнимуассисавиро аз ҳисоби мутахассисони соҳави оид ба қабули чорабиниҳои пешгирикунанда ва ҳалли масъалаҳои ҳуқуқию техники барои таъмин намудани бехатари дар ИГТ ташкил медиҳад.

  Таҳлили сифати-миқдории ҳолати ИГТ-ро дар ҷумҳури барои тартиб додани ҳисобот ва тавсия оид ба беҳтар намудани бехатари  мегузаронад.

  Иншооти гидротехникии зериназоратиро ба феҳристи давлатии ИГТ ворид менамояд ва барои гузаронидани эъломияи бехатарии иншооти гидротехники мусоидат менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти назорати давлати дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехники

 

БЕХАТАРИ ПЕШ АЗ ХАМА!

  Аз рӯи нишондиҳандаҳои омори дар 180 соли охир дар ҷаҳон зиёда аз 300 садамаи гидродинамики, ки дар натиҷаи риоя накардани меъёри  бехатари ҳангоми баҳрабардории иншооти гидротехники рӯй доданд,  аз ҳамин сабаб иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехники» қисми дахлнопазири  таъмини фаъолияти устувори  иншооти гидротехники  мебошад.