Хабарҳо ва чорабиниҳо

Шоми 09.09.2017 сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар шаҳри Стокголми Шоҳигарии Шветсия Ҳафтаи умумиҷаҳонии об ифтитоҳ ёфт, ки он ҳамасола аз ҷониби Институти байналмилалии оби Стокголм аз санаи 27 август то 01 сентябр баргузор мегардад. 

Шоми рӯзи 30 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали “Водии Данғара - 3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.