Хабарҳо ва чорабиниҳо
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд.
Рўзи 12 июни соли 2017 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” иштирок ва суханронӣ намуданд.
21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018-2028 бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
Бояд гуфт, ки эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид. Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Султон Раҳимзода, муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об ҳамсуҳбат гардид
Дар асри ХХI ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мегардад, зеро табиат на танҳо сарчашмаи асосии зиндагии инсон, балки манбаи дониш, маълумотгирӣ ва маҳорату малака мебошад.