Хабарҳо ва чорабиниҳо
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ барои ишғоли мансабҳои холии хизматчиёни давлатии маъмурӣ озмуни кушод эълон менамояд
Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муҳтарам - Ғафурзода Тағоймурод зимни ифтитоҳи чорабини қайд намуданд, ки таърих гувоҳ аст халқи меҳнаткаши тоҷикистон чӣ рӯзҳои нангину даҳшатборро паси сар кардаву чӣ қурбониҳоро таҳаммул намудааст. Хушбахтона, мардуми тоҷик бо нерӯву хиради хеш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ғояҳои сулҳхоҳӣ, ватандӯстӣ ва ягонагиро дастгирӣ намуданд.
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.