Хабарҳо ва чорабиниҳо

Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоб маравад, боздид ба амал оварданд.