Хабарҳо ва чорабиниҳо
Миёни ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Nishizawa»-и Япония ба маблағи 1.976 млрд. йенаи японӣ (наздики 17,5 млн. доллар) қарордод ба имзо расид.
Ин қарордод дар доираи лоиҳаи грантии «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Агенти ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) маблағгузорӣ мешавад, мавриди амал қарор мегирад.
Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе гуфтааст, мувофиқи шартҳои қарордод, ширкати «Nishizawa» ба сохтмони зеристгоҳи нав дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - «Радиостанция» (назди Амфитеатр) уҳдадор мешавад.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.
Рӯзҳои 20-24 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку, бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Семинари муштараки мутахассисони Тоҷикистон ва Озарбойҷон, дар мавзӯи «Баланд бардоштани тидор дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» баргузор гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар санаи 11.10.2017 сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.