Хабарҳо ва чорабиниҳо

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он мазкур яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.