Хабарҳо ва чорабиниҳо

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар санаи 11.10.2017 сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаи 10.10.2017 сол  дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар санаи 01.10.2017 сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар санаи 21.09.2017 сол дар шаҳри Ню Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.